Шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда “Маркази матбуотии сол” эълон шуд

11 – уми марти соли 2019 дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуот, ки дар театри Академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор гардид, Шуъбаи равобит бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи натиҷаи ҳамапурсие, ки Академияи ВАО ва Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон гузаронида буд, “Маркази матбуотии сол” эълон гардид.

Диплом ба беҳтарин дафтари матбуотиро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода тақдим намуд.

Дар ҷаласаи тантанавӣ бахши ба “Рӯзи матбуот” собиқадорони журналистикаи Тоҷикистон, қаламкашон маъруф ширкат карданд. Абдуҷаббор Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Вазири фарҳанги Тоҷикистон  Шамсиддин Орумбекзода ва Раиси Иттиҳоди журналистони кишвар  Зиннатулло Исмоилзода иштирок ва суханронӣ карданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни суханронии худ дар бораи нақши воситаҳои ахбор, расонаҳои электрониву чопӣ, радиову телевизион дар рушди ҷомеа ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки ҳоло дар мамлакат ҳудудан 600 рӯзномаву маҷалла чоп мешавад, ки 363 номгӯи он ҷамъиятӣ ва 237 номгӯ хусусианд.

Аз даҳ агентии иттилоотии сабти номшуда нӯҳ агентӣ ғайридавлатист. Ҳоло дар мамлакат 10 ширкати телевизионӣ ва 10 радиои давлатӣ фаъолият мекунад, 16 телевизиони маҳаллӣ ва 7 радиои хусусӣ низ фаъоланд.

Дар ин нишаст ҳамчунин ба номинатсияҳои “Агентии иттилоотии сол”, “Телевизиони сол”, “Радиои сол”, “Рӯзномаи сол”, “Маҷаллаи сол” ва ғайра дипломҳо супурда шуданд.

барчасп: