Дар Тоҷикистон замин ларзид

Рўзи 11.03.2019 соати 13:44 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон замин такон хӯрд. Бино ба маълумоти идораи зилзиласанҷии кишвар маркази он 80 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 4 км дуртар  аз шаҳри Роғун мебошад.

Қувваи зилзила дар марказаш 3 балл, дар шаҳри Роғун 2-3 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи  заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ  ба қайд гирифта    нашудааст.

барчасп: