сентября 2016

Сафари корӣ ба маҳалҳои офатзадаи Рашт

Рӯзҳои 17-18-уми  сентябри соли равон Ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода аз манотиқи офатзадаи ҷамоатҳои Иҷборак, Аскалон, деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Рашт дидан карданд ва бо корҳои барқароркунии офати табиӣ дар ин манотиқ шинос шуданд.
Заминларзаи 1-уми июли соли равон ва сели 28-уми август ба

Сарвари КҲФ бо намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дидор кард

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода субҳи имрӯз, 15-уми сентябр, бо ҳайати Гуруҳи робитаҳои граждании Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо сарварии роҳбари ин барнома, хонум Шеннон Маккена мулоқот кард.
Сарвари Кумита меҳмононро бо чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати кишвар дар самти ҳолатҳои фавқулодда

Мулоқот бо намояндаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар

Ба манзури татбиқи қарорҳои дар ҷараёни сафари Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба дафтари намояндагии Салиби Сурхи байналмилалӣ дар Женев ба дастомада мулоқоти Раиси Кумита бо ҳайати Федератсияи ҷамъияти Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар Рустам Назарзода ва Байлар Толиб – намояндаи

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда корманд қабул мекунад

Афсари калон  - невропатолог;
Афсар – духтури гӯшу ҳалқ;
Афсармутахассиси бемориҳои занона (гинеколог);
Афсари калон - сардори озмоишгоҳ;
Сардори Шуъбаи молия ва таъминот;
Сардори Шуъбаи бемориҳои дарунӣ ва касалиҳои сироятӣ;
Муаллим оид ба омӯзиши мошинронӣ;
Сардори шуъбаи коргузории дармонгоҳ;
Ҳамшираҳои тиббии бемориҳои узвҳои дарунӣ;
Ҳамшираҳои тиббии шуъбаи қабул;
Ҳисобдон-хазинадори шуъбаи молия.

Ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ мусбат арзёбӣ шуд

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Паоло Маттей, Намояндаи тозатаъини Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ зимни як мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи минбаъдаи тарҳҳои муштарак, вокуниш ба офатҳо, ҳамкориҳо оид ба иттилоърасонӣ ва  ҳушдор ба мардум дар мавриди хатарҳо ва таҳдидҳо, омодасозӣ ва бозомӯзии кормандон, расонидани кӯмакҳои техникиро баррасӣ карданд.

Ҷопон тарҳи нави ҳамкориҳо дар коҳиши хатар аз офотро 10,6 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад

7 сентябри соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои мубодилаи ёддоштҳо миёни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока ва Директори кишварии  Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Харфст роҷеъ ба лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳо барои коҳиши хавфи офатҳо ва вокуниш” баргузор гардид.
Лоиҳаи мазкур дар асоси Стратегияи миллии идораи хатари

Раёсати сохтмон, ҷобаҷокунии қушунҳо ва истифодабарии биноҳо

Номи пурраи ин раёсат чунин аст: Раёсати сохтмон, ҷобаҷокунии қушунҳо ва истифодабарии биноҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 17 августи соли 1994 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 400  Кумитаи ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди ҲҶТ дар заминаи Ситоди мудофиаи граждании Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва вазифаи сохтмониро шӯъбаи муҳандисию техникии Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд иҷро мекард.

Раёсати молия ва иқтисод

Аз соли 1994 дар Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шўъбаи молия ва тафтишот таъсис дода шуда буд. Соли 1997  Раёсати молия ва тафтишот аз соли 1999 Раёсати молия ва иқтисод номгузорӣ карда шуд.
Айни ҳол дар ҳайати Раёсати молия ва иқтисоди Кумита се шўъба ва як зершўъба: шўъбаи муҳосиботи марказӣ, шўъбаи банақшагирӣ ва маблағгузорӣ ва зершўъбаи нафақа фаъолият менамояд.

Шўъбаи муҳосиботи марказӣ

Раёсати оперативӣ ва банақшагирии сарситоди Кумита

Раёсати оперативӣ ва банақшагирӣ сохтори асосии Сарситоди Кумита  буда, бевосита фаъолияти хизматии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита, ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҳамаи дараҷаҳоро дар масъалаҳои тайёрии оперативӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда дар давраи осоишта ва ҷангӣ танзим менамояд, ҳуҷҷатҳои асосиро оид ба омодагии оперативӣ ва банақшагирӣ таҳия мекунад, роҳбарии доимиро аз рўи гузаронидани иктишоф бо мақсадҳои мудофиаи гражданӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳ

Маркази идоракунии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади сари вақт хабардоркунии ҳайати роҳбарикунанда ва мақомотҳои идоракунандаи мудофиаи граждании мамлакат, воҳидҳои сохтории Кумита ва аҳолии Ҷумҳурӣ оид ба хатарҳои ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта, амалиётҳои ҷангӣ бо истифода шудани воситаҳои ҳозиразамони ҳамла ва дигар ҳолатҳо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази идоракунии Кумита ва дар воҳидҳои сохтории он, шўъбаҳо ва шабакаҳои алоқа ва идоракунӣ ташкил карда шудааст.

Страницы