августа 2016

Ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ

Шўъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ аз руи таъсисёбии ситоди мудофиаи граждании Точикистон ҳамчун шўъбаи пешбаранда ташкил карда шудааст.
Дар таркиби Кумита соли 1994 Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ташкил шуд, ки яке аз шўъбаҳои асосии он шўъбаи ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ буд.
Аз соли 1992 дар ҳайати шўъбаи ҳифзи радиатсионӣва кимиёвӣ 5 нафар фаъолият доштаанд

Ба кумаки мардум ҳамеша омодаанд

Зери ҳамин унвон нашрияи “Садои мардум” суҳбати хабарнигораш Аъзам Мӯсоевро бо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода чоп кардааст.
Сарвари Кумита таърихи ташкили хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро чандон қадима намедонад ва мегӯяд он “ба санаи пайдоиши ҳавопаймоҳои

Сарвари кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Швейсария рафт

Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода сафари кории худ ба дафтари намояндагии СММ оид ба масъалаҳои кӯмакҳои башардӯстонаро оғоз крад. 
Дар доираи ин сафар қарор аст сарвари КҲФ бо роҳбарони дафтари намояндагии СММ оид ба масъалаҳои гуманитарӣ, бо ёвари Дабири кулли СММ оид ба шарикӣ барои кишвраҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, бо сарвари маъмурияти

Наҷоти чор нафар дар рӯзҳои истироҳат

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои истироҳат боз чор нафар шаҳрвандони кишварро наҷот доданд.
Дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки бо суръати баланд дар ҳоли ҳаракат буд, чаппа шуд ва ба оби канали “Тоҷикистони Советӣ”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳи

Ҷаласаи ботантана дар Кумита

Бахшида ба бистудуюмин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 августи соли 2016 дар Кумита ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни суханронии худ, муовини аввали раиси Кумит,а генерал-майор Рустам Шоҳиён кормандонро ба рӯзи таъсисёбии Кумита табрику таҳният гуфта, ба онҳо беҳтарин хушиҳои рӯзгорро дар зиндагонии шахсӣ ва комёбиҳоро дар

Саволҳо ба Раиси Кумита

Хонандагони азиз, корбарони муҳтарам!
Акнун Шумо имкон доред бо генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоси мустақим дошта бошед ва саволҳои худро аз ин тариқ равон кунед. Суолҳои шуморо на мо, балки худи генерал дарёфт мекунанд ва посухи суолро аз ин ҷо хоҳед хонд. Яъне, мо бароятон он имконеро фароҳам овардем, ки шумо дигар садҳои километр роҳро тай карда, ба пойтахт наоед, балки хеле осон ба саволи

Офати табиӣ дар Исфара

16-уми майи соли равон дар натиҷаи боронҳои шадид дар қаламрави як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Исфара сели бузург омад.
Бар асари ин 6 хона комилан ва 10 хонаи истиқоматии дигар қисман хароб шуд. Дар маҷмуъ аз ин сел дар рустоҳои гуногун 272 хонаи истиқоматӣ зарар диданд.
Ҳачунин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳҳои мошингард ва системаи коммуникатсионии минтақа хисорати зиёд овард.

Се мулоқоти Раиси КҲФ бо сафирон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ

Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи силсиламулоқотҳояш бо сафирон, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе бо ҳайати Созмони кӯмакҳои башарии Корея “Ҳамзистии мусолиматомези байналмилалӣ” дар Тоҷикистон дидор кард.
Дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои таҳияи дастури хониш барои мактаббачагон дар бораи он ки дар ҳалтҳои

Маркази фаъолиятҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон бунёди Маркази омӯзишии КҲФ-ро кӯмаки молиявӣ мекунад

Маркази фаъолиятҳои башардӯстонаи шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ бунёди   Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯмали молӣ хоҳад кард.
Дар ин бора Аҳмад Ал-Байз, сарвари намояндагии Маркази ёдшуда дар суҳбат бо Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Рустам Назарзода иттилоъ дод.

Наҷоти як сокини Суғд дар дарёи Сир

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як марди 23-соларо, ки қариб ғарқ мешуд ва ба ҷонаш хатар таҳдид мекард, наҷот доданд.
Ин мард дар масофаи хеле дуртар аз соҳили Сир шино мекард ва ҳадди нерӯи худ барои бозгашт ба соҳилро ба ҳисоб нагирифта буд. Мавҷи дарё ӯро беш аз ҳад хафа мекард ва маҷоли бозгашт ба соҳилро надошт.

Страницы