Ахбори рӯз

Дар 18 хонаи нав барои сокинони осебдидаи Хуросон дару тирезаҳо насб карда шуданд.

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 18 хонаи нав барои осебдидагони сели ноҳияи Хуросон дару тирезаҳо насб карда шуданд. Андоваи як хона пурра ба анҷом расида, дар як хонаи дигар ин кор дар садади анҷомёбист.

Ҳазор кило хлор ва маводҳои дигар ёрии башарии Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Раёсати Хатлон

Рӯзи 30 июни соли 2020 Агентии Оғохон оид ба макони зист дар доираи барномаи ҳамкориҳо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи муштарак бар зидди коронавирус COVID-2019 ба Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ёрии башарӣ расонд.

Ин кумакҳо аз 1000 кило хлор, 1000 дона ниқоби истифода

Ёрии Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Раёсати Суғд

Дар ҳошияи ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо Агентии Оғохон оид ба макони зист рӯзи 26 июни соли 2020 бо мақсади омодагӣ ва мубориза бо бемории сироятии коронавирус Covid-19 ба Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд маводҳои зерин кумак намуд:

Ҷасади як ноболиғи дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ғарқшуда дар ноҳияи Шаҳритус пайдо шуд

Ҷасади як ноболиғе, ки ҳангоми оббозӣ дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ, дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуда буд, баъди се рӯзи ҷустуҷӯҳои пайваста билохира дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус пайдо шуд. Ҷасадро оби пурхӯрӯш дар қаламрави деҳаи Ленинободи ҷамоати деҳоти Худойназар Холматов ба соҳил партов кард ва моҳидорони минтақа ӯро пайдо намуданд.

Хушхабар: Аввалин хона дар маҳалли Чорбоғи ноҳияи Хуросон пурра бомпӯш шуд

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аввалин манзили истиқоматии яке аз зарардидагон дар селҳои ахири ноҳияи Хуросон бомпӯш шуд ва сохтмони хонаҳои дигар басуръаи идома доранд.  То 27 июни соли ҷорӣ аз 67 хонае, ки барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Хуросон дар рустои Чорбоғ бунёд мешавад,

Страницы