Ахбори рӯз

Зарари сел ба хоҷагиҳои ду ноҳияи вилояти Суғд. Паёмадҳои он дар Шайдон бартараф шуданд, дар Исфара Комиссия ҳаҷми зарарро муайян мекунад

Борони шадиди рӯзи 13-уми июли сол равон муҷиби омадани сел ба деҳаи Мулломири шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт шуд. Сел ба 25 замини наздиҳавлигии сокинон лойоба ворид кардаву роҳи дохили русторо аз сангу шағал пур кардааст.

Рӯзи 14.07.2020 Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ашт барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ чораҳои

Заминларза дар Тоҷикистон ва Афғонистон. Мақомот гуфтанд, ки он паёмади нохӯше надошт

Заминларзаи дирӯз, 14 июли соли 2020, ки маркази он 297 километри ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе буд, хисорат ва талафоти ҷонӣ надошт. Тибқи иттилои Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон ин заминларза дирӯз соати 14:34 дақиқа сурат гирифт ва маркази он Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд. Қувваи зилзила дар маркази он 3-4 ва дар шаҳри Душанбе 2 балл буд. Манбаъ хабар дод, ки зилзила паёмадҳои нохӯше дар пай

Нишонагузории ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ ва истироҳат дар соҳилҳо

Дар тобистони гарм бахусус соҳили кӯлу дарё, обанбору каналҳо серодам мешаванд. Вале на ҳама ҷо барои истироҳат ва бахусус оббозиву шиноварӣ муносибанд. Маъмулан риоя нашудани одитарин талаботҳо сабабгори ғарқ шудани афрод мегарданд, ки ҳамарӯза дар ин бора хабарҳо дорем. Аз ин рӯ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даркушоӣ кун на дарбандӣ...

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе боз ду дари бастаро боз карданд ва соҳибони ин ду манзилро аз мушкил раҳо намуданд. Рӯзи 12 июли соли равон, нимишабӣ, соати 23:54 аз маркази идораи ҳолатҳои буҳронии Кумита ба Раёсат дар бораи мушкили сокини кӯчаи Низомии Ганҷавии пойтахт хабар доданд, ки дари хонааш баста шудаву

Ҷасади ҷавони 22-соларо аз қаъри об берун оварданд. Дар 6 моҳ 34 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд

Имдодгарони Раёсати ҷустуҷӯӣ ва наҷоти КҲФ дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ҷасади сокини 22-солаи деҳаи Оби шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро аз қаъри об берун оварданд.

Ин ҷавон дар ҷойҳои мамнуъ барои оббозӣ шиноварӣ мекард ва аз риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар об ғарқ шуд.

Страницы