Ахбори рӯз

Кумаки навбатӣ ба осебдидагони ноҳияи Хуросон. Пойдевори хонаҳои нав дар Чорбоғ гузошта шуда, бунёди манзилҳо оғоз шудаанд

Мухтасари хабар: Ба осебдидагони сел дар ноҳияи Хуросон кумаки навбатии башарӣ аз Сафарати Ҷумҳурии Покистон дар Тоҷикистон расид. Сокинони хонаҳои валангоршуда дар мавзеъи нав ба бунёди манзилҳои нав шуруъ карданд. Дирӯз ихтиёриён аз ташкилоту муассисаҳои вилоят ба ёрии сокинон омаданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тозаахбори ин соат. Таъсири сел ба маҷрои Сурхоб, ҳолати фавқулода дар Сичароғ бартараф мешавад

Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи  Лахш рӯзи 12-уми июни соли 2020, соати 17:50 дақиқа дар  километри 250 шоҳроҳи Ваҳдатиргатол-Саритош,  ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш, ба дарёчаи Арчакапа сел рехт ва қисман пеши роҳи дарёи Сурхоб баста гардид.

Сӯхтор дар корхонаи коркарди нефт. Сабабҳои он тафтиш мешаванд

Рўзи гузашта, соати 11:47 дақиқа дар корхонаи коркарди нафт воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистон деҳаи Меҳани ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтори шадид рух дод. Бино ба гузориши Маркази наҷоти Кумитаи ҳолатҳои и фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 зарфи нигаҳдории гази моеъ оташ гирифт ва хисорати калоне ба ин корхона овард.

Хуросон: Бунёди хонаҳои нав барои осебдидагон идома дорад. Канали харобшудаи ноҳия дубора фаъол мешавад

То замоне, ки сокинони бар асари селу ярч бехонаву даршуда соҳиби бинои нав дар мавзеъи нав нашаванд, ҳукумати кишвар ҷараёни сохтмонро пайгирӣ мекунад. Ин ба он маъност, ки ҳукумати мехоҳад ниёзмандон дар зудтарин фурсат соҳиби манзилҳои нав дар макони нав гарданд ва аз хаймаҳо вориди хонаи навсохту ободи худ шаванд.
Рӯзи 11-уми июн ҳам Раиси вилояти хатлон Қурбон

Кумак ба сокинон барои бартараф намудани ду рӯйдоде, ки метавонист зарар оварад

Ду рӯйдоди ногаҳонӣ дар шаҳри Душанбе. Ҷойе қубури интиқоли об канда шуд ва манзили сокинонро пуроб кард. Ҷойи дигар боди сахт як чинори азимро чаппа кард ва хатаре ба раҳгузарон эҷод намуд. Дар ду ҳолат ҳам кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даст ба кор шуданд ва ба кумаки сокинон сари вақт расиданд.

Страницы