Ахбори рӯз

Дар бархӯрди “Опел-Астра” ба “Дулан” дар Лақайбегӣ 5 нафар ҳалок шуданд

Соати 21:19 дақиқаи рӯзи 11-уми апрели соли равон дар мавзеъи Лақайбегии роҳи мошингарди  Душанбе-Ваҳдат-Данғара як мошини тамғаи “Опел-Астра” дучори садама шуд ва бар асари он 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ин мошинро як сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ идора мекард ва ӯ бо чор ҳамсафараш аз самти Кӯлоб ба шаҳри Душанбе дар ҳоли ҳаракат буданд.

Баҳси Ворух дар мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Академияи миллии илмҳои кишвар. Ворух анклав набуду нест

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсӣ бо мутахассисони Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои кишвар, муаррихон, номзадҳои илмҳои таърих Абдулло Ғафуров ва Бобомулло Бобомуллоев мулоқот карданд. Суҳбат дар  мавзӯи "Ворух - мероси ориёиҳо ва як қисми қаламрави таърихии Тоҷикистон" буд.

Рўзи мудофиаи гражданӣ дар Хатлон

Ин рӯзест, ки таваҷҷуҳи аҳолӣ ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешавад. Рӯзест, ки ба одамон ҳушдор дода мешавад, ки канори зиндагии осуда як зиндагии дигаре ҳам эҳтимол дорад, ки бар асари офатҳои ногаҳонии табииӣ ба миён меояд. Ва инсон бояд ҳамеша худро ба ҳар гардиши айём омода созад. Ин рӯз дарсест барои сокинон ва ҳушдорест ба онон, ки ҳамеша омодаи ҳар гуна ҳодсаҳо бошанд, то хатари...

Пирӯзӣ дар майдони футбол. Ҳисоб 4:1!

Мусобиқоти варзишӣ миёни вазорату идораҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки то ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, идома дорад.

8-уми апрели соли равон тими мини-футболи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди...

Ҷаласаҳои ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввал дар раёсатҳои КҲФ

Дар се Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои ҷамъбасти семоҳаи аввали фаъолият баргузор ва натиҷаҳо ҷамъбаст шуданд.

Дар ҷараёни баргузории ин ҳама ҷаласаҳо як қатор тамоюлҳои калидӣ дар соҳаи пешгирӣ ва...

Страницы