Ахбори рӯз

Марги як пиразани танҳо дар Душанбе

Шаҳрванди 83-сола дар дохили хонаи истиқоматии худ фавтидаст. Ҳамсоягоне, ки ӯро ҳамеша медиданд, муддате аз нопадид шуданаш ба ташвиш омаданд. Дарро мезаданду зангашро ба садо дармеоварданд. Вале посухе шунида намешуд.

Ҳамсояи ӯ Оксана Савина зуҳри рӯзи 27-уми июн ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе

Наҷоти як ҷавонзани 19-солае, ки мехост дар Сир худкушӣ кунад

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз наҷоти духтари 19-солае хабар дода, ки мехост даст ба худкушӣ занад. Ин духтар сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст ва мехостааст аз болои пули Исмоили Сомонӣ худро ба зер афканад ва худкушӣ кунад.

Дар суҳбат бо кормандони Раёсат сабаби қасди худкушӣ

Ҷустуҷӯи ҷасади як навраси 11-сола идома дорад

Тибқи маълумоти сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ нисфирӯзии 26 июни соли 2020 як ноболиғи 11-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз беназоратии волидон ва беэҳтиётии худ ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Оби пурхӯруш дар як нафас ӯро аз назарҳо ғоиб кардааст.

Ногуфтаҳо аз ахбори рӯзҳои истироҳат

Рӯзҳои истироҳат барои кормандони наҷот истироҳате ҳам набуд. Пайваста дар хати иртибот буданд, баъди дарёфти зангҳои телефонӣ аз рӯйдодҳо фавран ба макони ҳодиса ҳозир мешуданд ва ҳар коре аз дасташон меомад барои наҷоти афрод анҷом медоданд. Чунончӣ, боди сахт дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемури пойтахт тунукаи болопӯши як биноро дар ҳалати садамавӣ қарор дод. Гурӯҳи махсуси зудамали наҷоти Раёсати

Тозаахбори ин соат. Ҷасади боз ду ғарқшуда дар об пайдо шуд: яке 15, дигар 17-сола

Боз ду ҷасад аз оби сард берун оварда шуд. Якеро аз Норак ва дуюмиро аз Зарафшон ёфтанд. Ва ҳарду ҳам ҷавон: яке писаракест, ки 15 сол дорад ва дар бораи ӯ дирӯз хабар дода будем ва дуюмӣ духтари 17-сола. Имрӯз боз ду хона мотам доранд, ду хонавода азодор, ду модар хунинҷигар. Ва сабаби марги ин ду ғарқшуда беэҳтиётӣ номида шуд. Пас бояд эҳтиёт кард, бояд волидон ноболиғони худро танҳо нагузоранд.

Страницы