Бо мақсади омӯхтани кори насли нави радиолакатор, ҳамчунин такмили малакаҳои касбии кормандони Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе давраҳои омӯзишии кор бо радиолакатори ДМРЛ-С оғоз гардид.
Муддати 10 рӯзи оянда кормандони Хадамоти зидди жолаи КҲФ, ҳамчунин мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” барномаҳои ДМРЛ-С, системаи назорат ва идора, алгоритмҳои фаъол кардан ва хамӯш намудани дастгоҳ, системаи истифода аз барқ, системаи антенҳо, танзим ва мувофиқа кардани антена ва ғайраро меомӯзанд.
Се рӯзи аввали дарсҳо назариявӣ буданд ва баъди он дарсҳои амалӣ шурӯъ шуданд.
Тамринҳо аз ҷониби мутахассисони баландихтисоси Федератсияи Русия гузаронида мешаванд.