Омодагии соҳилҳо ва ҷойҳои истироҳати оммавӣ дар соҳили махзанҳои об дар саросари кишвар аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида мешавад.
Чунончӣ, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ва шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати маорифи пойтахт тартиби ташхиси ҷои гузаронидани истироҳати оммавии мардум дар соҳили кӯлҳо, дарёҳо, ҳавзҳои оббозӣ ва истироҳатгоҳҳову тафреҳгоҳҳоро санҷиданд.
Кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ обанборҳои воқеъ дар ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонов, деҳаи Бидури ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, ҳамчунин махзани оби боғи истироҳати шаҳри Хоруғро аз назар гузарониданд.
Ҳангоми ташхиси техникӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мавҷудият ва таъминоти нуқтаҳои наҷотро тафтиш карданд; мавҷуд будани санади гузаронидани тадқиқоти ғаввосӣ; ҳолати техникии бурҷҳо, ҷойи оббозӣ барои бачаҳо, мавҷудияти лавҳаҳои иттилоотӣ бо мавод оид ба пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар обҳо, қоидаҳои оббозиву шиноварӣ, мавҷуд будани лавҳаҳои иртибот бо хадамоти наҷот, тиббӣ, нозирон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайраро санҷиданд.