Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 22-уми майи соли 2021 ҳавои номусоид дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва навоҳии тобеъи марказ боқӣ мемонад. Омадани селҳои вайронкор эҳтимол дорад. То 23-уми моҳи май дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара болоравии сатҳи об дар назар аст.
Эҳтимоли ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодае назири зери об мондани қаламравҳои алоҳида, шуста шудани соҳилҳо, канда шудани сарбандҳо ва хароб гаштани пулҳо вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад чораву тадбирҳои бехатарирро риоя кунанд. Аз рафтан ба кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар рӯидаҳои дорувору шифобахш, ки дар кӯҳҳо сабз мешаванд, худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин чорвочаронӣ дар чунин рӯзҳо дар наздикии махзанҳои об ва маконҳои селомад тавсия дода намешавад.
Бо мақсади рух надодани ҳодисаҳои нохӯш дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо КҲФ ба ронандагони мошинҳои сияҳшиша тавсия медиҳад, ки равуои шабонаи худро маҳдуд кунанд. Кулли қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо бояд ҷиддан риоя карда шаванд, бахусус боло бурдани суръати ҳаракат хатар дорад.
Ҳамчунин КҲФ ба шаҳрвандон тавсия намедиҳад, ки дар ин гуна рӯзҳо моҳишикор раванд. Болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо хеле хатарнок аст ва мавҷ метавонад ногаҳонӣ соҳилҳоро фаро гирад.
Ҳамзамон КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад сари вақт селроҳаҳоро аз хасу хасрӯба ва дигар монеъаҳо тоза кунанд, то сел ба роҳи худ равад ва роҳи хонаву ҳавлии онҳоро наёбад.
МАТОЛИБИ ҲАМСОН: