Ҳамчуноне иттилоъ дода будем, субҳи имрӯз, 20-уми май соати 9:30 дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич автомошинаи тамғаи “Дулан”, ки маводи сӯхт мекашид, дучори садама шуд ва таркид. Мошин мутааллиқ ба як сокини 29-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Гуфта мешавад, ки ин мошин аз Хуҷанд ба самти ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич дар ҳоли ҳаракат буд.
Бино ба хабари расида ҳамроҳ бо ронанда боз як сокини 33-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сафар мекард.
Мошин 35 тонна маводи сӯхтро интиқол медод. Ба кадом иллати техникӣ мошин аз роҳ бероҳа шуда, ба сой чаппа мешавад ва метаркад. Видеои алангаи оташ ва дуди ғализе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардон буд, оташи хирмани бузурги алафи чорво будааст, ки як сокини деҳаи Ғазантераки ноҳияи Деваштич барои фурӯш захира карда буд.
Ронанда ва ҳамроҳаш баробари ба самти сой сарозер шудани мошин худро берун ҳаво додаанд ва аз фалокати ногаҳонӣ ҷони солим бурдаанд. Онҳо бо ҷароҳатҳои сабук дар бемористон бистарӣ шуданд ва табибон ҳолашонро хуб арзёбӣ мекунанд.
Сӯхтор аз ҷониби хадамоти сӯхторнишонии ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан баъди 50 дақиқа пурра хомӯш карда шуд.
Дар айни замон масъулини Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи ҳодиса сабабтҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Ш. Бутаева