Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 14 то 17-уми майи соли равон бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад.
Эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд бо зери об мондани соҳилҳо, кандани саддҳо ва шикастурехт дар пулҳои иртиботӣ вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ ба соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои об низ дар ин гуна рӯзҳои пурбориш маслиҳат нест.
Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, хоҳиш мекунад ҳаракат дар чунин роҳҳо дар шабонгаҳонро маҳдуд кунанд. Қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя намоянд.
КҲФ бори дигар ба моҳигирон муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳилҳое, ки эҳтимоли туғёни об доранд, худдорӣ намоянд. Соҳили ин гуна дарёҳо дар рӯзҳои боронӣ басо хатарноканд ва ин хатарҳо баногаҳ рух медиҳанд.
КҲФ ба сокинон тавсия медиҳад, ки аз фурсатҳои мусоид истифода намоянд ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад.