Дар Тоҷикистон замин такон хӯрд. Аз вайрониву харобӣ гузориш нарасидааст
Чоп шуд: 29/01/2020 | adminБино ба маълумоти Институти зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон 29 январи соли равон соати 14:10 дақиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин заминларза 160 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Сангвор буд.
Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балро ташкил дод