Ахбори рӯз

Се хабар Раёсати КҲФ дар Хатлон

Як нафар намоянда аз бонувони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар чорабинии вилоятӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо ширкати Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд. Ин чорабинӣ рӯзи 6 март дар тарабхонаи “Хуррамшаҳр”-и Данғара бо иштироки бонувони фаъоли вилоят баргузор шуд.

Аёдати модарони бонувони хизматчӣ ва собиқадорон дар остонаи Рӯзи Модар дар Раёсати Суғд

Кормандони  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар арафаи Рӯзи модар  модарони хизматчизанҳои Раёсатро аёдат намуданд. Кормандони Раёсати вилояти Суғд чорабинии ғайримуқаррариро ташкил намуда, модаронро дар ҷои кор ва ё хона дарёфт намуда, табрикоти Роҳбарияти Кумитаи

Кормандони Кумита дар театри ба номи Қосимов намоиши “Исфандиёр”-ро тамошо карданд

Иртибот бо театр ҳамеша рӯҳу равони касро чун оина поку мусаффо мекунад. Рафтан ба театр ва дар саҳнаи он дидани саҳани зиндагӣ ин тафреҳ нест, балки болотар аз тафреҳ аст. Ин лаҳзаи андеша аст, андешаҳои зиндагӣ. Ва боз агар намоишеро бубинед, ки ҳикоят аз таърих дорад. Дидани таърих худшиносист ва саҳнае аз он дар саҳнаи теар чизе болотар аз ин ҳама аст.

Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз вазъи ҳаво дар ду рӯзи оянда

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 9  марти соли 2021 бинобар баланд шудани дамои ҳаво ва боришоти эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг, инчунин эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вуҷуд дорад. 

COVID-19: Даҳҳо кишвари олам дар доираи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби воксан шуданд

Даҳҳо кишвари олам тибқи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби воксан зидди коронавирус шуданд. Аз ҷумла, чанд кишвари африқоӣ: Нигерия, Судон, Гана, Руандо, Ангола, Лесото, кишварҳои осиёӣ: Ҳиндустон, Комбоҷа аз ин зумраанд.  Кишварҳои фақире чун Молдова ва Колумбия низ ба ин воксан дастёбӣ пайдо карданд. Қарор аст тибқи ҳамин барнома ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар соҳиби воксан шаванд.

Страницы