Ахбори рӯз

COVID-19: Барои муолиҷа ба Москав омадани президенти Сурия такзиб шуд. Моҳи феврал дар шаҳри Москав 2340 аз коронавирус ҷон бохтанд

Сафири Сурия дар Русия иддиоҳо дар мавриди интиқоли Башор Асад ва ҳамсараш Асмо ба Москав ҷиҳати муолиҷа аз коронавирусро рад кард. Ахиран баъзе аз расонаҳои хабарии арабӣ навишта буданд, ки президенти Сурия бо ҳамсараш барои муолиҷа аз КОВИД-19 ба Москав интиқол ёфтаанд. Риёз Ҳаддод-сафири Сурия дар Москав ба хабаргузории Спутиник гуфтааст, ки Башор Асад ва ҳамсараш дар Сурияанд ва

Идомаи корҳои соҳилбандӣ дар минтақаҳои осебпазири Суғд

Шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок, чораҳои саривақтӣ меандешанд ва як қатор корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозиро вусъат додаанд.

Муовинони тозатаъини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муаррифӣ шуданд

10-уми марти соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонишини аввал ва муовинони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Ба вазифаи муовини аввал ва муовинони Раиси Кумита полковник Латифзода Ҳотамшо, полковникҳо Исозода Сулаймон ва Иброҳимзода Эмомалӣ таъин шуданд.

Ҳалокати се нафар дар лағзиши тарма. КҲФ ҳушдор медиҳад: ХАТАРИ ЛАҒЗИШИ ТАРМА БОҚӢ МОНДААСТ!

Дар маҳалли Кумарги болои ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар шафати корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон “Кооперератсия-19” тарма се нафарро ба ҳалокат расонд. Ин ҳодиса дирӯз рух дод ва як нафар аз ҳалокшудагон сокини ноҳияи Айнӣ буда, 51 сол доштааст. Ду нафари дигар сокинони ноҳияи Шаҳринав буда, яке 33 ва дуюмӣ 40-сола будаанд.

Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои шадиди рӯзи 14-уми март

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон 14 март дар саросари кишвар  боронҳои шадид (дар кӯҳҳо дар баландиҳои бештар аз 2500 метр барфи тар) дар назар аст. Хатари боло рафтани оби дарёҳову рӯдхонаҳо ва дар роҳҳои кӯҳӣ...

Страницы