Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 6 июли соли 2021 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар як қатор ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба ин, Кумитааз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳама чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд, селпартовҳо ва заҳбурҳоро аз партовҳо тоза кунанд, то ҳадди имкон аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат тариқи ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, махсусан дар дар қитъаҳои ба хавфнок бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.