Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 24-уми июни соли равон се маротиба ба даъвати сокинони пойтахт аз коргоҳ берун шуданд ва се дари бастаро боз намуданд.
Яке аз ин дарҳо дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ буд, ки соҳиби хона фарзанди сесолаи худро танҳо гузошта буд. Аз ҳодиса нимишабӣ, соати 00: 24 дақиқа хабар карданд ва 4 нафар кормандони Раёсат ба суроға сафарбар шуданд. Онҳо дарро бо истифода аз таҷҳизоти махсус боз карданд ва фарзанди сесоларо ба модараш саломат расонданд.
Ду дари дигарро низ бо даъвати соҳибони хона дар хиёбони Рӯдакӣ 124 ва Рӯдакӣ 181 боз карданд ва мушкили сокинонро осон намуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад эҳтиёткор бошанд. Вақти берун шудан аз дар аввал калидро бо худ гиранд. Бахусус агар тифлонашон дар хона танҳо бошанд, бештар эҳтиёткор бошанд. Аслан шабонгаҳон дар хона танҳо мондани кӯдакон маслиҳат нест.
Бояд волидон қабл аз ҳар чизи дигар ғами фарзандони худро бихӯранд.
О. Фахриддинзода