21 июни соли 2021 дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар омӯзиш ва бозомӯзии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, курсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон, ғаввосон ва кормандони тиббии идораи наҷоти кишвар оғоз шуд.
Дар омӯзиши аввал, ки дар он 15 кормандони тиббии КҲФ иштирок мекунанд, дар тӯли чор рӯзи курсҳои интерактивӣ оид ба омӯзиши усулҳои нави расонидани ёрии аввалияи таъҷилии тиббӣ баргузор мешаванд. Курсҳоро мураббиёни ботаҷрибаи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд.
Омӯзиши дувум, ки низ имрӯз, 21-уми июн оғоз гардид, 16 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаро ҷалб намуд, ҳамаи онҳо аз минтақаҳои гуногуни кишвар гирди ҳам омадаанд, то бо навтарин шеваҳои наҷот аз наздик ошно шаванд ва маҳорату малакаҳои худро такмил диҳанд. Ин давраи омӯзишӣ бо дастгирии Намояндагии барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар тӯли ду ҳафта наҷотбахшон малакаҳои назариявӣ ва амалиро инкишоф медиҳанд, онҳоро бо истифода аз як қатор таҷҳизоти махсуси наҷот ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ такмил медиҳанд.
Дарсҳо аз ҷониби устодони касбии ҳам Кумита ва ҳам аз дигар идораҳои кишвар гузаронида мешаванд.
Омӯзиш бо назардошти риояи тамоми меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ роҳандозӣ шудааст.