Вохӯрии раиси КҲФ бо фармондеҳи Гвардияи миллии Вирҷиния
Чоп шуд: 24/06/2025 | redaktor
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо фармондеҳи Гвардияи миллии штати Вирҷиния, генерал Ҷеймс В. Ринг, вохӯрӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои судмандро баррасӣ намуда, омодагии худро барои тақвияти бештари ҳамкорӣ ва табодули таҷриба изҳор доштанд.