КҲФ-ДУШАНБЕ: Натиҷаи фаъолияти семоҳаи соли 2026

Санаи 10 апрели соли 2026 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамбастии семоҳаи аввали соли 2026 бо иштироки Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор Исозода С. гузаронида шуд.

Ҳисоботи ҷамбастиро сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе полковник Шамсизода С. оғоз намуда, ҳисоботҳои баромадкунандагон шунида шуд.

Ҳамзамон, Муовини Раиси Кумита генерал - майор Исозода С., доир ба роҳбарӣ ва иҷро гирифтани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030, Барномаи миёнамӯҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028, иҷроиши талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби ташшаккул, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии захираи сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташаккул ва идораи захираи сафарбарӣ”, “Дар бораи тасдиқи Тартиби ташкил намудани паногоҳҳо ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданӣ”, “Оид ба тасдиқ намудани Қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ” ва вусъат бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои хавфнок дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

барчасп: