Ахбори рӯз

КҲФ-Суғд: САЙҚАЛИ ДОНИШУ МАЛАКА

Дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоту идораҳо дар Маркази таълимӣ-методии Раёсати Кумита дар в.Суғд бо иштироки афсарони шуъбаву бахшҳои Раёсат, шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бустон ва Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита генерал-майор Иброҳимзода Муҳаббат ва дигар масъулон дар мавзӯи “Тартиби муайян намудани ҳаҷми зарар ва ҳисорот пас аз ҳолатҳои фавқулодда ва тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ” семенари омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд.

КҲФ-ВМКБ: ДАРЁФТИ ҶАСАДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ РУЙИОБӢ ВА ЗЕРИОБӢ

ХАБАРИ ФАВРӢ    Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ Наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як нафар ҷинси мардро аз об берун бароварданд.     Ҷасад дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Кишт аз ҷониби сохторҳои дахлдор ва аҳолӣ дар рӯйи об мушоҳида шуда, наҷотдиҳандагони Кумита онро аз об берун бароварда ба сохторҳои дахлдор супориданд.     Ташхиси пурраи тиббӣ муайян кард, ки он Раис Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад.

КҲФ-Хатлон: Наҷотдиҳандагон 3 шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Шаҳрвандон  Қосимов Ф., соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ёрзоди А., соли  таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Зиёев М., соли  таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи Абдураҳмони Ҷомӣ, санаи 13-июни соли 2026 тахминан соатҳои 21:25 дақиқа ҳангоми истироҳат кардан дар соҳили дарёи Вахш ва баланд шудани сатҳи оби дарё дар муҳосираи об мемонанд. Яъне аз чор тараф оби дарё баланд гардида, (дар даруни дарё) дар болои санг дар мемонанд. 

Дар МИҲБ КҲФ ҷаласаи корӣ оид ба ҳисоботи ҲФ баргузор гардид

12 июни соли 2026 дар Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи шакли нави ҳисоботи оморӣ дар бораи зарар ва талафоти офатҳои табиӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа сардори Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ ва МГ генерал-майор Ҷамшед Камолзода, мутахассисон ва коршиносони вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуда, шумораи умумии иштирокчиён зиёда аз 

КҲФ-Зафаробод: Ду наврас ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расиданд

Новобаста аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ мутаасифона чунин амал аз ҷониби кӯдакон ва наврасон такрор мегарданд.

Чунончӣ рӯзҳои 12 ва 13 июни соли 2026 дар канали «Мирҷӯи-1»-и ноҳияи Зафаробод ду ҳодисаи фоҷиабори ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо ду навраси ноболиғ ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расиданд.

Ноболиғон:

Страницы