Ахбори рӯз

Айнӣ: Резиши санг роҳ ба самти Панҷакентро баст

25-уми апрели соли 2025 соати 22:00 дақиқаи шаб дар километри 38-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷикент, ки аз қаламрави деҳаи Ревади ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегузарад, резиши сангу рег ба қайд гирифта шуд.

Бар асари ин ҳодиса роҳ барои ҳаракати мошинҳо ба ду самт номумкин шуд. 

Тибқи охирин хабаре, ки дастрас шуд, дар айни замон роҳ қисман боз шудааст, вале мушкил комилан рафъ нашудааст.

КҲФ: Хатари омадани селҳо дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ боқист!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 26-28 апрели соли 2025 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.

 

Кумаки навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони Рашту Тоҷикобод ирсол шуд

25 апрели соли 2025 кумаки навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз масолеҳи сохтмонӣ ба осебдидагон аз заминларза дар минтақаҳои Рашт ва Тоҷикобод ирсол гардид.

Заминларза дар кишвар

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 25-уми апрели соли равон соати 01:37 дақиқа дар қаламрави Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.

Бино ба гузориши манбаъ маркази ин заминларза 168 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 29 километрии шарқи ноҳияи Рашт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Идомаи корҳои рафъи паёмадҳои зилзила дар Рашту Тоҷикобод

Ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, заминларзаи рӯзи 24-уми апрели соли 2025, дар  ҷамоатҳои деҳоти Ҳичборак, Аскалон ва Қалъаи Сурх ин корҳо роҳандозӣ шуданд:

 24 апрели соли 2025, Комиссияи муштарак дар ҳайати муовини раиси ноҳия, мутахасисони Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии

Страницы