Дар Душанбе таҳкими устувории Тоҷикистон ба офатҳо ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид

(ё Ҷаласаи абзори ҳамоҳангсозии лоиҳаи «Таҳкими устуворӣ ба офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон»)

ДУШАНБЕ, Тоҷикистон – 19 феврали соли 2026 – Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи абзори ҳамоҳангсозии лоиҳаи муштараки Идораи СММ оид ба коҳиши хавфи офатҳо ва Ҳукумати Швейтсария «Таҳкими устуворӣ ба офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ҷаласа шахсони мансабдори баландпояи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо — аъзои Платформаи миллии коҳиши хавфи офатҳо, Ҳамоҳангсози доимии СММ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, Идораи СММ оид ба коҳиши хавфи офатҳо ва ташкилотҳои шарик ширкат варзиданд.

Иштирокчиён пешрафтҳои дар доираи лоиҳа бадастомадаро баррасӣ намуда, фаъолияти минбаъда, аз ҷумла иҷрои Нақшаи стратегии амал барои солҳои 2026–2028-ро муҳокима карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки ба шарофати кӯшишҳои муштарак, Тоҷикистон аз модели вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ба равиши маҷмӯии идоракунии хавфи офатҳо гузашта истодааст. Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҷаноби Имомалӣ Иброҳимзода қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ дар самти институтсионализатсияи коҳиши хавфи офатҳо пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд.

Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, хонум Парвати Рамасвами иштирокчиёнро даъват намуд, ки раванди гузариш аз вокуниш ба офатҳо ба идоракунии маҷмӯии хавфи офатҳоро тавассути таҳкими тадбирҳои пешгирикунанда дар асоси таҳлилҳои дақиқи илмӣ ва маълумоти эмпирикӣ суръат бахшанд. Вай ҳамчунин ба аҳамияти технология, иқтидори миллӣ, пайвастагии институтсионалӣ ва устувории дарозмуддати Платформаи миллӣ барои ҳамоҳангсозии коҳиши хавфи офатҳо ва низоми огоҳии бармаҳал бо мақсади наҷоти ҷони одамон ва кам кардани талафот таъкид кард.

Хонум Франсиска Вогтли, муовини Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, қайд намуд: «Коҳиши хавфи офатҳо ба ҳамаи бахшҳо дахл дорад ва аз ҳар як мо масъулиятро тақозо мекунад. Коҳиши хавфи офатҳо бояд ба таври низомӣ ба стратегияву нақшаҳои соҳавӣ бо ҷудо намудани маблағгузории муносиб ворид карда шавад».

Лоиҳаи муштарак натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, идоракунии хавфҳоро таҳким бахшид, роҳбарии сиёсиро дар соҳаи коҳиши хавфи офатҳо баланд бардошт ва донишҳоро дар бораи хавфҳо ва ҷалби фарогири ҷонибҳои манфиатдор тақвият дод. Ҷаноби Себастиен Пензини, муовини роҳбари Дафтари минтақавии UNDRR дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ба пешрафти чашмрас дар барқарорсозии абзорҳои ҳамоҳангсозӣ ишора кард. Вай таъкид намуд, ки таҳкими устуворӣ ба офатҳо дар кишвар ҷалби фаъоли тамоми идораҳои масъул ва аъзои Платформаи миллиро талаб намуда, аҳамияти ҳамкории устувори байнивазоратӣ ва бисёрҷонибаро собит месозад.

Марҳилаи навбатии кор ба такмили низоми миллии ҷамъоварии маълумот оид ба зарару талафот, мониторинги татбиқи Стратегияи миллӣ ва густариши шарикӣ бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида мешавад. Ҷаласа бо бахши мубодилаи касбии афкор анҷом ёфт, ки дар он намояндагон омодагии худро барои ҳамоҳангсозии кӯшишҳо баҳри ҳифзи Тоҷикистон аз таҳдидҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим бори дигар тасдиқ намуданд.

барчасп: