КҲФ: МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТА БО НАМОЯНДАГОНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

18 феврали соли 2026 дар бинои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковник Рачабалӣ Раҳмоналӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мулоқот Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Радослав Дарски, атташеи хадамоти Абзори сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Часна Ламберт ва дигар намояндагон иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, таҳкими иқтидори сохторҳои наҷотдиҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва дурнамои ҳамкорӣ барои соли 2026-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Кумита аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошӣ ва ҳифзи аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар навбати худ, намояндагони Иттиҳоди Аврупо омодагии худро ҷиҳати идомаи дастгирӣ ва таҳкими шарикии созанда бо Кумита иброз доштанд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо бар идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи барномаҳои муштарак дар соли 2026 таъкид намуданд.

барчасп: