Ахбори рӯз

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои гардолуд ва эҳтимоли сел дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 3-уми августи соли равон ҳавои гардолуд дар назар дошта шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония мевазад ва қисмати бештари ҷумҳурӣ гарду ғубор ҳифз мешавад.

Корҳои таблиғотии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар масҷидҳои Бохтар

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон 30 июли соли 2021 баҳри пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар кулу дарёҳо дар мавсими баҳору тобистони соли ҷорӣ дар миёни намозгузорони масҷиди марказии ба номи “Ҳазрати Муҳаммад (с)”, масҷидҳои ҷомеаи ба номи “Имоми Аъзам”, “Ҳоҷӣ Муҳаммадшарифи Соҳибзода”, “Абдулло Бобохонов”ва “Абубакри Сиддиқ”...

Дарҳои баставу тифлакони танҳо дар хона

Танҳо шаби гузашта кормандони бахши наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду даъвати кӯмаки боз кардани дарҳои баста посух доданд. Дар аввалӣ ту тифлакеро аз танҳоӣ наҷот доданд, ки яке сесола буду дуюмӣ якунимсола. Дар дуюмӣ навраси 11-сола танҳо монда буд. Ва ҳарду ҳодиса ҳам нимишабӣ рух доданд.

Чор ғарқшудаи рӯзҳои охир. Як бонуи ҷавон дар Қаратоғ худкушӣ кардааст

Рӯзҳои охир моҳи июл ва аввали моҳи август аз гӯшаву канори кишвар хабари ғарқи об шудани чор нафар расид. Яке худкушӣ кардаву дуюмӣ ҳангоми бозгашт аз чарогоҳ ҳалок шудаву дуи дигар аз беэҳтиётӣ ғарқи об шудаанд.

Тибқи маълумоти сардори Бахши  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати

Як саҳифаи таърихи башар. Сӯхтори бузурги Рум дар соли 64

Соли 64 милодӣ императори Рум Нерон буд. Дар таърих аз Нерон чун як шоҳи золим ном мебаранд. Вай дӯст медошт тарона хонад ва дӯст медошт одамонро маҷбур кунад, киба  садои ӯ ва таронаҳои ӯ гӯш андозанд. Бо дӯстонаш шабонгаҳон ба ғорати амволи мардум машғул буд ва масеҳиёнро шиканҷа мекард. Боре як шаби моҳи июл дар Рум сӯхтор сар зад. Муҳаққиқон баъзан мегӯянд, ки ин як ҳодисаи ногаҳонӣ буд.

Страницы