Ахбори рӯз

Баргузории конфронс дар мавзӯъи ҳиссаи ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВИДЕО)

23 – уми июли соли 2021 бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ конфронси илмӣ - амалӣ ва намоиши дастовардҳои ҷавонон дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Маркази таълимӣ-методии Кумита баргузор шуд (ВИДЕО)

Имрӯз, 23-уми июл дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи Кумита баргузор шуд. Ба суолҳои рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ  ҷонишини Раиси Кумита, полковник Имомалӣ Иброҳимзода ва сарварони Раёсатҳои Кумита посух доданд.

Пайдо шудани боз ду ҷасади ғарқшудаҳо: яке 16 сол дошту дуюмӣ 20 сол

Як навраси 16-сола, ки аз зодгоҳаш деҳаи Даҳанаи ноҳияи Хуросон  ба шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён меҳмонӣ рафта будааст, дар оби дарёи Вахш ғарқ шудааст. Ин наврас рӯзи 22-уми июли соли равон меҳмонӣ рафтааст ва ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

Баъди дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...

Ҷасади Ҳабиб Ёқубови 19-сола пайдо шуд. Ҷустуҷӯи як ҷасади дигар идома дорад

Дирӯз, баъди ҷустуҷӯҳои серӯза билохира ҷасади ҷавони 19-сола Ҳабиб Ёқубов, ки дар сели Киштӯдак ҳалок шуда буд, пайдо карда шуд. Ҷанозаи Ҳабиби ғӯрамаргро бегоҳии ҳамон рӯз хонданд ва  ба хок супурданд. Аммо то ба имрӯз ҷустуҷӯи ҷасади Нозима Исмоилова натиҷа надодааст. Маврид ба ёдоварист, ки бар асари сели азими рӯзи 19-уми июли соли равон 10 нафар сокинони деҳаи Киштӯдаки Панҷекат, ки дар чарогоҳи тобистонӣ молчаронӣ мекарданд,

Ширкати хизматчиёни ҳарбии КҲФ дар омӯзиши “Марз-2021” (ВИДЕО)

22 – уми июли соли 2021 дар доираи санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021»  баробар ба дигар воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат карданд.

Страницы