Таҷлили Рӯзи Парчам дар раёсатҳои Суғд ва Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он дотсенти кафедраи таърихи умумӣ ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Фаррух Ҳусейнов ширкат ва суханронӣ кард.
Муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковник Ширинҷон Собирзода табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонид.

Зикр гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикситон қабул гардида буд. Бо таъбири Пешвои муаззами миллат “Агар забон  қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид.” Ҷун ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сўи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, Вахдати миллӣ, Ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Дотсенти кафедраи таърихи умумӣ ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фаррух Ҳусейнов оид ба таърихи давлатдории Тоҷикон суханронӣ кард ва иброз дошт, ки аз замонҳои қадим халқи тоҷик Парчамро чун муқаддасоти миллӣ эҳтиром менамуданд. Парчам барои аҷдодони мо чун роҳнамои озодӣ, бахту иқбол ва иқтидори тавоноӣ маҳсуб меёфт. Баъди ба даст овардани Истиқлол давлатӣ волотарин дастоварди тоҷик дар эҳё ва ташаккули давлатдорӣ ин қабули размҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон дар радифи 192 парчами давлатҳои ҷаҳон дар СММ парафшон буда, 130 кишвари дунё Тоҷикистонро ба расмият шинохта, бо зиёда аз 120 давлати дунё робитаи дипломатӣ дошта, узви 50 созмонҳои байналмиллалӣ гардидааст.

Дар идомаи суханронии худ муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ афзуд, ки заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории сулҳу оромӣ дар кишвар, ки имрӯз зиндагии осоишта насиби мо аст, боиси таҳсин ва сипосгузорист.


Шаҳзода Бутаева

 

Раёсати Хатлон

Ҳамин гуна чорабинӣ рӯзи 22 ноябри соли равон дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон низ доир шуда буд. Муовини сардори Раёсат полковник Т. Сулаймонзода дар бораи таърихи парчам дар кишвар суханронӣ намуд. Вай гуфт, ки Парчам дар баробари нишон ва суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаҳои соҳибихтиёрии давлат ба шумор меравад.

Вай ҳамчунин иброз дошт, ки 24-уми ноябри соли 1992 рўзи қабули парчами Тоҷикистон мебошад. Ин рўзро ҳамасола мардуми тоҷик дар қатори дигар рўзҳои таърихие, ки дар ин моҳ ҷашн гирифта мешавад бо як тантанаи хос ҷашн мегиранд. Парчами Тоҷикистон бо се ранг сурх, сафед, сабз ва нишону ҳафт ситораи зарҳалин оро дода шудааст. Ҳар як ранги ин муқаддасот ба худ як рамзи хосае дорад. Ранги сабзу сафед нишон аз сарсабзиву хуррамии диёр буда ранги сурх аз хунрезии шермардони диёр барои сохтани давлати конститутсионӣ далолат мекунад.

Парчами давлатии мо на танҳо аз лиҳози бузургӣ, балки интихоби мазмуни файласуфонаи рангҳои он, ки аз сурх, сафед ва сабз иборат аст, ифодакунандаи орзуву ормонҳои миллати тоҷик мебошанд. Нақши тоҷ ва ҳафт ахтар дар меҳвари он бозгўи миллати аз қадим соҳибдавлат ва тоҷдор будани онро нишон медиҳанд. Парчами давлатиро мо бояд на танҳо ба ҳайси як ливо, балки ҳамчун рамзи дили дар тапиши миллат саҷдагоҳ шинохта, дар ҳар партавафшонии он даъвату ҳидояте баҳри ҳифзи марзу бум, нангу номус, шаъну шараф, соҳибистиқлолӣ ва якпорачагию ваҳдати миллатро дидаю эҳсос карда тавонем.

 

М.Муйдинов