Ахбори рӯз

Кумакҳои навбатии башардӯстона ба офатрасидагони ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагон  аз заминларза бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони байналмилалӣ, аз рӯзҳои аввали офат кӯмак дар шакли маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ғайриозуқавӣ мунтазам расонида мешаванд.

Доктор Абдуллоҳ Давлатов : Ҷурғоту чаккаву дуғу амсоли инҳо микробиоми рӯдаҳоро дар низом нигоҳ медоранд

Сарлавҳаи суҳбати дуюми худро бо доктор Абдуллоҳ Давлатов, духтури   тоҷики муқими Москав махсус чунин гузоштам, чун як бахши меҳварии ин суҳбат парҳез аз ғизо дар замони гирифторӣ ба КОВИД-19 аст, ки иддае аз мутахассисон бо такя ба тибби ба гуфти худашон классикӣ анвоъи маводи сервитамин ва муфидро парҳез фармудаанд. Суолҳои ин суҳбат баъди суҳбати аввал аз тариқи баҳсҳо

Тамрини мудофиаи гражданӣ дар Раёсати Хатлон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Раёсат дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2021 бо мақсади санҷидани сатҳӣ омодагии ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории он, рўзи 16 июли соли 2021 дар Раёсат тамрини  ситодии мудофиаи гражданӣ

Семинари омӯзишӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

7 ва 8 июли соли ҷорӣ мутахассисони Кумита дар қисми дуюми тамрини истифодаи Барномаи Идоракунии иттилооти офатҳои табиӣ дар DesInventar-Sendai ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии тренинг такмил додани имкониятҳои дахлдори шуъбаҳои марбут ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ, барои истифодаи модули таҳлили маълумоти системаи «DesInventar-Sendai»...

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Олам дар остонаи мавҷи нави сироят ба коронавирус қарор дорад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шабонарӯзҳи гузашта дар саросари олам боз 362 031 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумори умумии гирифторон ба 187 миллиону 519 ҳазору 798 нафра расид. Рӯзи гузашта 6135 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтанд ва теъдоди фавтидагон аз аввали ҳамагирӣ ба 4 049 372 расид. Аммо Донишгоҳи Ҷонз Ҳонкинз шумори сироятшудагон ба коронавирусро

Страницы