Ахбори рӯз

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар Қасри миллат

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Чанд хабари рӯзи гузашта. Пайдо шудани ҷасади ду ғарқшуда дар Шуғнон ва Сангвор

Дастаи зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ субҳи рӯзи 22-уми августи соли равон, соати 09:40 дақиқа аз соҳили дарёи Панҷ, дар қаламрави деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ҷасади як ҷавони 17-соларо пайдо ва ба хешовандонаш супурд. Ин ҷавон сокини шаҳраки Исмоили Сомонии...

КҲФ: Дамои гарм то 24-уми август боқӣ мемонад. Хавфи омадани сел бар асари об шудани пиряхҳо бартараф нашудааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 24-уми августи соли 2021  дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм боқӣ мемонад ва эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ва резиши санг дар роҳҳову минтақаҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад.

Ҳашт нафар сокинони зарардидаи сели рӯзи 11-уми май дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш соҳиби хонаҳои нав шуданд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар дод, ки дирӯз, 20-уми август Муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ба 8 оилаи зарардида аз сели рӯзи 11-уми май дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш калиди хонаҳои навро тақдим намуд.

Дуввумин заминларзаи рӯзи 18-уми август

Соати 16:34 дақиқаи рӯзи 18-уми августи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон боз заминларза ба қайд гирифта шуд. Ин дуюмин такони замин дар кишвар буд. Маркази заминларза 292 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 38 киллометр ҷанубу шарқ дар шаҳри Хоруғ  буда, қувваи заминларза дар маркази он 4 балл,  дар шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил дод.

Аз талафоти ҷониву хисорат хабар нарасидааст.

Страницы