Дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз канали дериватсионии нерӯгоҳи обию барқии “Варзоб” мошини сабукрави тамғаи «Musso»-ро берун кашиданд.
Ин ҳодиса дирӯз, 11-уми ноябр рух дод. Дар хабаре, ки ба Қисми навбатдории Кумита расид, гуфта мешуд, ки як мошини тамғаи «Musso», ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, дар 8 километрии роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб ба об сарозер шудааст.
Наҷотдиҳандагони Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. Онҳо мошинро аввал бо симтаноб бастанд ва сипас бо ёрии ғарғара оҳиста-оҳиста аз об боло карданд.
Хушбахтона, дар ин ҳодисаи нохӯш касе осеб надид. Ронанда худ мустақилона тавонист аз дохили мошин берун шавад ва худро солим ба соҳил расонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқудлодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳангоми сафар қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ҷони худу ҳамроҳон ва роҳгузаронро ба хатар наяндозанд.