Аз таърихи Кӯҳи Лаъл

Тайи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имкон шароит фармҳом омад, ки Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.  

Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Бадахшон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар мадди аввал масъалаи сохтмони роҳҳо ва бунбасти камуникатсинои раҳои бахшидани он буд.

Бо бунёди роҳҳои ба талабоҳои байналмилали ҷавобгу пешрафти ҳама соҳаҳо ба маротиб боло рафта, сатҳу сифати зиндагии оҳолии вилоят беҳтар гардид. Имрӯзхои мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дониши боланд ва неруи зеҳнии худ дар  ҳама соҳаҳои мухталифи  Тоҷикистони азиз ва берун аз кишвар фаъолияти пурсамар дошта, соҳиби эҳтиром мебошанд.

Тавре, ки маълум аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо обҳои муссафо, табиати нотакрор ва куҳҳои  осмонбусаш ҷолиби диққати ҷаҳониён гардидааст.

Дар бораи маъдани Кӯҳи Лаъл ва нахустин талошҳои истихроҷи лаъли он ривоёти мухталифе вуҷуд дорад. Манобеъ, аз ҷумла навиштаҳои сайёҳону муҳаққиқони замонҳои мухталиф гувоҳӣ медиҳад, ки ин маъдан таърихи куҳане дорад.

Бисёре аз муҳаққиқон, ҷӯяндагони осори бостонӣ ва шоъирону донишмандон ба лаъли Бадахшон таваҷҷӯҳи фаровоне доштаанд. Аз ҷумла, Марко Поло, сайёҳи итолиёӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, донишманди қарни 11 ва теъдоде аз муҳаққиқони Шӯравӣ дар асарҳояшон лаъли Бадахшонро васф кардаанд.

Дар яке аз ин ривоёт омадааст, ки Искандари Мақдунӣ ҳангоми истилои Осиёи Миёна лаълпораеро аз Кӯҳи Лаъл ҳамроҳи худ бурдааст. Ҳарчанд ин ривоят пояи илмӣ надорад, аммо гувоҳ аст, ки ин маъдан дар қуруни қабл аз милод низ мавриди истихроҷ ва корбурд будааст.

Тибқи ривояте дигар, гӯё соҳиби ин маъдан Ҳазрати Сулаймон буда ва маъмурони ӯ, яъне девон, дар инҷо ба истихроҷи лаъл машғул будаанд. Яке аз девон лаълеро ба андозаи тухми мурғ пайдо карда ва ба пеши Ҳазрати Сулаймон овардааст.

Ҳазрати Сулаймон онро гирифта ва аз дев пурсидааст, ки чӣ хоҳише дорад. Дев хоҳиш кардааст, ки паёмбар ӯро озод кунад. Ин ривоят албатта бо воқеъият рабте надорад, аммо ҷолиб ин аст, ки дар ин русто то ҳол зиёратгоҳи Сулаймони Набӣ мавҷуд аст.

Ба гуфтаи кӯҳканон, гӯё дар қарни аввали милодӣ чиниҳо ба ҷустуҷӯйи маъдане бо номи форстерит (фарфор), ки дар зарфсозӣ аз он истифода мешуд, ба ин маҳалл омада ва маъдани лаълро кашф кардаанд.

Аммо ба гуфтаи Ҷумъахон Пояндаев, як сокини рустои Кӯҳи Лаъл, истихроҷи лаъл дар ин маъдан пас аз ҳамлаи араб ба Осиёи Миёна, аз ибтидои қарни 8 мелодӣ оғоз шудааст. Гуфта мешавад, соли 2006 кӯҳканон ҳангоми ҷустуҷӯҳои заминшиносӣ дар ин маҳал нақбҳои истихроҷи лаълро ёфтаанд, ки тақрибан ба қарнҳои 8-9-и мелодӣ марбут будааст.

Дар деҳаи Сист, ки ҳамҷавор бо Кӯҳи Лаъл аст, қалъаест хароб, ки ба замони хилофати Ҳорунаррашид, халифаи аббосӣ, нисбат дода мешавад.

Ривояте низ ҳаст, ки гӯё дар қарнҳои 6-7-и милодӣ, дар замони хилофати араб заминларзаи шадиде рух дода ва чӯпоне, ки барои аъроб домдорӣ мекард, аз фурӯрафтагии замин лаълпораҳое пайдо кардааст.

Мардум чӣ будани лаълро намедонистанд ва мехостанд ин лаълпораҳоро барои анҷоми дигар корҳо ба мисли ранг кардани ресмон ба кор баранд. Баъдан лаълпораҳо ба дасти арабҳо расида ва онҳо аз вуҷуди маъдан огоҳ шуда ва ба истихроҷи он оғоз кардаанд.

Тибқи маъохизи таърихӣ, дар авохири қарни 19-и милодӣ Кӯҳи Лаъл таҳти тасарруфи афғонҳо қарор гирифта ва бо фармони Абдураҳмонхон, шоҳи вақти Афғонистон, Алимуҳаммадхони Баргит масъули истихроҷи маъдан дар ин маҳал таъйин шудааст.

Ин омили Абдураҳмонхон дар истихроҷ ва коркарди лаъл аз нерӯи сокинони рустоҳои наздик аз ҳар ду сӯйи рӯдхонаи Панҷ ба унвони ғуломони кӯҳкан ва регкаш истифода мекардааст.

Пас аз ҳамроҳ шудани Помир ба Русия, Алимуҳаммадхони Биргит ба Афғонистон фирор кард ва ин маъдан аз баҳор то тирамоҳ дар дасти русҳо ва баъд аз масдуд шудани роҳҳо аз тирамоҳ то баҳор дар дасти афғонҳо қарор доштааст.

Баргит сарбозони худро дар роҳи Уши Қирғизистон мустақар карда ва бад-ин васила аз оғози ҳамлаи русҳо огоҳ мешудааст. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, то даҳсолаҳои наздик дар рустои Кӯҳи Лаъл манзили дуошёнаи Баргит вуҷуд доштааст, вале баъдан тахриб шудааст.

 

Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита
барчасп: