Сангрезиш таҳдиди сахтест барои нақлиёт. Бахусус барои нақлиёте, ки аз роҳҳои пурпечутоби кӯҳӣ убур мекунад, дар рӯзҳои боронӣ ҳамеша ин хавф таҳдид мекунад. Борҳо шудааст, ки резиши санг ҷони одамонро ҳам дар хатар гузоштаву боиси ҷонбохтагӣ ва захмиву маҷруҳ гардидани мусофирону раҳгузарон шудааст. Тоҷикистон, ки як кишвари кӯҳсор аст, роҳҳои зиёди пурпечутоби кӯҳӣ дорад ва ҳамвора дар аввалҳои баҳору тирамоҳу зимистон ин роҳҳо хатарҳое ҳам доранд, ки аз ронандагон хоста мешавад, хеле бадиққату таваҷҷуҳ бошанд.
Зарфи чанд соли охир Кумитаи ҳолатҳои фавқлодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои салоҳиятдори кишвар дар таҳия ва коркарди системаи хабардоркунии бармаҳал ва қисман пешгирӣ намудани фалокатҳои табиӣ ба комёбиҳо даст ёфтаанд.
Чунончӣ, наҷотдиҳандагони шуъбаи муҳандисиву техникаи инфиҷордиҳандаи КҲФ ҳамроҳ бо мутахассисони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи аҳолӣ ва ронандагон дар қаламрави деҳаи Умарак, ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвози ВМКБ муддати даҳ рӯз корҳои инфиҷорӣ роҳандозӣ карданд.
Дар натиҷа як таҳдиди сахти резиши санг аз миён рафт. Сахраи хатарнок ба андозаи 950 метри мураббаъ аз баданаи кӯҳ канда шуд.