САЙҚАЛИ РӮИ ЗАМИН, БАДАХШОН

Ҳудуди даҳ сол пеш Бадахшон дар тӯи писари як рафиқам, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест, рафтам. Ва онҷо дарёфтам, ки чи миллати бузург будааст, миллати ман тоҷик...Меҳмон пеш аз ҳама инсон чи мартабае доштааст, - назди ин мардуми сар то по муҳаббат. Пастхӯф будам, Хӯф будам, Бархӯф будам. Рӯшон ноҳияи мардони бузурге чун Меҳрӯбон Назаров, Нуқрамоҳ Раҳматова хоҳараш хоҳарам, ҳамкурсам Гулсара Раҳматова, ғижжакнавози нотакрор бобои Минак ва даҳҳо бузургони дигар будам...

Тӯи писари дӯстам Давлатёр дар Пастхӯф низоми маъракаро дидам, эҳтироми одамро ба одам дидам. Қудо ҳамсоя буд. Шоҳро - Умедро чи гуна ба хонаи арӯс, ки номаш Нишона буд, бо одатҳои суннатӣ бурданду оварданд. Дар базм шоҳид будам. Банда низ, кам - кам дар хунам гармии санъаткорӣ дорам, бо дӯсти азизам шодравон Бозоралӣ Иброҳимов тори бадахширо гирифта чунон гуфти кӯлобиё ,,кӯрбазм" кардем, ки бачаҳои духтарои бадахшонӣ тамоми рақсҳои зебои худро карданд.

Гӯё тӯй набуд, меҳри муҳаббати инсон дар ин дунёи дурӯза нисбати ҳам буд.

Гӯё, шаҳру арӯс Умеду Нишона фарзандони дӯстам Давлатёру Султонбиби нею фарзандони аҳли деҳу ҳама Бадахшон буданд,- ҳама шодӣ дошт, гӯё ҳама тӯи фарзанд дошт...

Он чи ки доштанд, ба мушкилии рӯзгор нигоҳ накарда, рӯи дастархон мерехтанд.

Ману дӯстӣ хӯшовозам ҳама сурудҳоямонро дар сар тоқиҳои бахмалии сурху сабзи бадахшӣ ба хушбахтии ин ду ҷавон сароидем...

Баъди тӯй дӯсти шодравонам Давлатёр хоҳиш кард, ки инҷо Пастхӯф аст.

Акнун Хӯф деҳаи ман Хӯф, ки болои кӯҳҳо таги абрҳо, болои дарахтони ар-ар наметобад, меравем, онҷо модари ҳаштодсолаам, мунтазир аст...

Биравед хонандаи мӯҳтарам онҷо ,,биҳишту қудрати созандагии Худованд, табиатро бубинед;

 Дарёчаи Хӯф аз баландии шояд се чор ҳазор метр сӯи Панҷ сарозер аст.

Об не,- шир аст, он..

Қад қади дара боло сӯи Хӯф меравем.

Оби рӯдхона бо шаст ба сангҳо зада мисли фаввораи пурқудрат шабнами дарё рӯятро мешӯяд.

Зардолуҳо дар деҳаҳо пухтаю заб зард.

Одаме аз пеш барояд, сӯи мошини мо салом медиҳад,- яъне хӯш омадед.

Мо Хӯф меравем. УАЗИКИ урусӣ аз сангинии масираш роҳравон гӯё, ,,нола" мекунад.

Сари гардиши ронанда гуфт, фаромада ҳо, ана он сангҳоро аз пеши бероҳа кунед.

Бо завқ ин корро кардем.

Ман ҳанӯз айёми мактаби панҷоҳ сол қабл ёддоштҳои сайёҳи рус академик Семёновро оиди тоҷикони Хӯф мутолиа карда будам. Ӯ сад сол пеш ба кишвари ман аз маъхазҳо таваҷҷӯҳ намуда, бо сад азоб аз Санк -Петербург омадааст. Ва мани танбал дар ҳамин кишвар дар панҷоҳсолагиам ба ин расидам.

Ҳавлии модари дӯстам соҳили дарёчаи Хӯф, ки ҳамоно мавҷи рӯдхона рӯятро навозиш мекунад, воқеъст.

Пирамард падари дӯстам бобои Сипинёр (ҷояш ҷаннат) ҳанӯз давраи ҳаёт буданаш шипангчаи зебое соҳили рӯдхона сохтааст.

Маводҳои шишагиамонро дохили тӯрхалтае андохта ба оби сард андохтем...

Пирях аз мо ду ё се километр менамояд.

Моҳи июл нисфирӯзӣ модар бароямон аз рӯи эҳтиёт хунук нахӯрем, як ду ҷома овард.

Хӯфиён ғалладона дарав мекарданд.

Марди хӯшовози бадахшӣ бо маҳорати худододи ин мардум ин тавр мехонд:

 

Фалак моро накӯш мо навҷавонем,
На шодӣ дидаю на шодмонем.
Бирав, аз кӯчаи пирон гузар кун,
Расид навбат ба мо,- мо худ равонем...

 

Онҳо мардумонеанд, ки гӯё, Худованд обҳои ширину забонҳои ширинро барояшон тақсим намудааст.

Дӯстӣ шириновозам Бозоралӣ чун кабки саровози кӯҳистонӣ бо шеваи ,,ман доғи" даравгарони Хӯфӣ садо кард:

 

Дилоҷӯнам, дилоҷӯнам, дилоҷун,
Чу Маҷнунам, чу Маҷнун, чу Маҷнун.
Зи дастӣ Лайлии симинуъзоре,
Ҷигархунам, ҷигархунам, ҷигархун...

 

Ва шишаи майи русиро боло бардошта бо лаҳни ширини бадахшонӣ ӯро ба ,,обед"- тайёр даъват кард...Акаи Ҳақназар бо рубобаш омад.

Кампири модари Давлатёр як модагову як бузу гӯсфанд доштааст. Модар аввал гӯсфандро мекӯшад.

Баъд мабода меҳмонон ,,давлений" набошанд,- гуфта, Ҳақназарро даъват карда, бузи ягонаашро мекӯшад...

Ин барои акаи Ҳақназар гапи оддӣ буд.

Вале барои ману Бозоралӣ дӯстам ба ҳиммату инсондӯстии бародарони бадахшонӣ ҷойи сари таъзим фурӯд овардан буд...

Кампир дар бисоташ як бӯзаку гӯсфандак доштааст, мо раис не,- як роҳгузари одӣ ҳардуяшро барои мо меҳмонӣ кардааст...

Сӯҳбату базм соҳили рӯдхонаи обаш шабеҳи Кавсар шурӯъ шуд.

Тор дасти Бозорали нола кард:

 

Дунё гузарон асту гузар бояд кард,

Дар рафтани умри худ назар бояд кард...

Акаи Ҳақназар:

 

Сухан дониста гӯй то дӯстро душман нагардонӣ,

Зӣ ҳарфи бетаамул ошно бегона мегардад...

Акаи Ҳақназар аз воқеъаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ бо ғижжак нола кард ва суруди ҳазинеро, ки ҳини дар ҷанг дар шаҳри Ӯши Қирғизистон гуреза шудааст, сароиду нақл кард;

Соли 92 ҷанги бародаркӯш фарзандони хурдсолам дар Хорӯғу ман дар Қирғизистон гуреза...Барояшон пойафзол харида марз омадам. Қирғизи сарҳадбон  дар шоми сард як ба ҳамели пойафзолҳои бачагонаи китфам нигоҳ карду гуфт:

Ой... грязный таджик ты откуда знеш размерь мой дети"?!.

Хонаяш сӯзад, қатӣ худашу ватанаш онҳоро аз дастам кашида гирифт...

Суруди акаи Ҳақназар нолаи ҷонгудозе буд, соҳили рӯдхонаю пирях, ки гӯё сарди нею гармии ватан меомад...

Ӯ дар Бадахшон - Ватани азизаш буд.

Наъра мезад, бо забони ширини худаш ва сурудаш маънӣ дошт, мо тоҷикона қарс мезадем ...

Хӯш ба ҳоли акаи Ҳақназар...

Дар бозгашт соҳили рӯдхонаи Панҷ дар Пастхӯф он сӯи дарёи Панҷ Афғонистон аст.

Кӯҳҳои он сӯ гӯё, мегирянд.  Даравгари афғон мехонад:

 

Падар хубу модар нозанин аст,
Бародар меваи рӯи замин аст.
Азизон қадри ҳамдигар бидонед,
Ки ҷой мо ҳама зери замин аст...

 

Ва суруди акаи Ҳақназар бошад, сафо дошт, сафои сулҳу ваҳдат, сафои он ки паҳлуи фарзандон аст...

Чӣ дунёе баде агар ақл набошад, одам дар азоб аст?!.

Сулҳро мардон меёбанду номардон зери по мекунанд...

Зинда бод, мардон!...

 

 

 

 

 

 

Абдулфайз Атоӣ

барчасп: