Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва ифтихори миллии мардуми Бадахшон!

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мардуми шарифи кишвар ва аз ҷумла мардуми ба ору номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконият дод, ки дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагии ватани азизамон ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд.

Дар шароити кунунӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, устувор гардонидани пояҳои давлатдории милӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқи азизи кишварамон мазмуни ҳаётан муҳимро пайдо кардааст.

Воқеан пешррафти босуръати илму техника аз як тараф ва аз тарафи дигар раванди ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нави муносибатҳо ворид намудааст.

Дар паёмҳо ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси яке аз вазифаҳои муҳими стратегии Ҳукумати мамлакат фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як фарди кишвар гузошта шудааст.

Ҳамзамон, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани ифтихори миллӣ, ҳисси баланди ватандорӣ, худшиносӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгири намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар кишварамон чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ баргузор гардидааст. Аз ҷумла, ҷашни 1310 солагии роҳбарӣ мазҳаби ҳанафӣ Ҳазрати Имоми Аъзам, 800 солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайиди Ҳамадонӣ, Имом Ғазолию Имом Бухорӣ ва дигарон мебошад.

Баргузор намудани ингуна маросимҳои пурифтихори таърихӣ бо мақсади тарбияи маънавии халқ, бахусус насли наврасу ҷавон аз аҳамияти калон бархурдор буда, бешубҳа ба ягонагии рӯҳию маънавии халқи азизи кишвар, ки қисмати ҷудонашавандаи он мардуми шарафманди Бадахшон мебошанд, хизмат хоҳанд намуд.

Ногуфта намонад, ки яке аз абармардони мазҳаби исмоилӣ имоми замон Оғохони IV маҳз бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатии кишвар бори аввал дар моҳи майи соли 1995 ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Аз ҳамон замон то имрӯз аҳолии Бадахшон рӯзи 25 майро ҳамчун “Рӯзи нур” ҷашн мегиранд. Қайд намудан ба маврид аст, ки сафари Оғохони IV ба давраи вазнинтарини мардуми кишвари мо, ҷанги шаҳрвандӣ рост омад.

Дар ибтидо вохӯри сатҳи олӣ бо Президенти кишвар, сипас дар майдони марказии варзишии шаҳри Душанбе, ки дар он ҷо зиёда аз бисту панҷ хазор нафар иштирок намуда буданд ва минбаъд дар ноҳияҳои алоҳидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид. Аҳолии Бадахшон ва пайравони мазҳаби исмоилия орзӯи шунидани садои шоҳ Оғохони IV-ро танҳо дар дил парварида метавонистанд ва дидани ӯро ҳатто умед надоштанд. Истиқлолияти давлатии кишвар, хайрхоҳию меҳанпарастӣ ва меҳрубонию самимияти беандозаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии ин минтақаи ҷудонопазири Ватани азиз, мардуми ба ору номуси Бадахшон имконият фароҳам овард, ки шоҳ Оғохони IV ба Тоҷикистон сафар намояд ва на як бор.

Ҳамаи ин муваффақияту комёбиҳои ба дастомадаи даврони истиқлолияти давлатӣ бо талошу заҳматҳои шабонарузии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд ва мардуми шарифи Бадахшон бояд ба ин хизматҳо бо самимият арҷгузорӣ намуда, атрофи ғояҳои созандаи ин шахсияти бузурги таърихӣ, барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намоянд.

 

Фаромурз Орзузода
барчасп: