Мо ҳама аз Тоҷикистон ҳастем ва ҳаргиз худро Бадахшониву Хатлониву Ҳисорию Кӯлобӣ намешуморем. Ватан моро як аст, ки он Тоҷикистон аст! Чунки мо тоҷик ҳастему аз Тоҷикистонем! Ватан обод бояд кард! Варо обод бояд кард!
Ҳамватанони азиз!
Мардуми сарбаланди Бадахшон ба иғво ва фитна дода нашавед. Қонунияту тартибот набояд вайрон гардад, зеро ин ҳама ба осонӣ ба даст наомадааст.
Биёед ҳама дар канори Роҳбари давлат муттаҳиду сарҷамъ бошем. Биёед камари ҳиммат баста дар бунёдкориву созандагӣ саҳмгузор бошем.
Ҳама дар назди қонун баробар аст!
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд:
"Мо бояд саҳмгузор бошем". Мо ҳама як миллатему як Ватан дорем, ки он Тоҷикистон аст, як Пешво дорем, ки он Эмомалӣ Раҳмон аст ва сиёсати пешгирифтаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Ба фитна дода нашавед!
Ба ки зарар мерасонед албатта ба фарзанданатон, падару модар ва хешу наздиконатон. Умедворам ки маро хуб фаҳмидед ва ҳамаи мо ин суханҳоро тарафдорӣ менамоем!
Хоҳиш! Хоҳиш! Хоҳиш!
Шукронаи ин Ватани орому осуда ва тинҷу ободонро кунед.
Фикри Ватани азизамон, фикри худ, падару модар ва фарзандонро фаромӯш набояд кард. Онҳо ин осудагиву оромиро ки Пешвои миллат овардааст, аз ҳама чиз волотар медонанд.
Аз расонаҳо низ хоҳиш, ки ба оташ равған нарезед. Фикри амнияту субот ва фардои Ватанро дошта бошем!
Ҳакимзода Билоли Ҳикматулло ва Максудчон Хушвахтзода.