Ахбори рӯз

Паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳои кишвар (ВИДЕО)

7 сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Заминларза дар Тоҷикистон. Талафоти ҷониву вайронӣ надошт

Дирӯз соати 14:11 дақиқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он  178 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 14 киллометр ҷануби дар ноҳияи Тоҷикобод буд.

Қувваи зилзила дар маркази он 3 балл, дар ноҳияи Тоҷикобод  2 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта нашудааст.

КҲФ ва Каритас Интернационалис Созишномаи нав имзо карданд

– уми сентябри соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода маросими имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни КҲФ ва Каритас Интернационалис дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди татбиқи лоиҳаи Каритас – расонидани ёрӣ ба зарардидагон...

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ

– уми сентябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа роҳбарони КҲФ, сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Аҳлиддин Маҷидзода, ҷонишини Раиси...

Мулоқоти Раиси КҲФ бо вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

Дар доираи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси КҲФ генерал-полковник Рустам Назарзода бо вазири  давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лорд Ториқ Аҳмад Уимблдон ва ҳамроҳонаш

Страницы