Наҷоти 7 нафар дар як лифти харобшуда. Дар дувуним сол имдодгарони Кумита 63 нафарро дар лифтҳои вайрон наҷот додаанд
Чоп шуд: 01/10/2021 | admin
1 – уми октябри соли 2021 як сокини шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки дар як бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Синои пойтахт лифт аз кор мондаву дохили он 7 нафар мондаанд ва ҳеч илоҷи баромадан надоранд. Дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе