Ахбори рӯз

Идомаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи коҳиши хатари офатҳо

Кормандони воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо  13-уми октябр дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар озмунҳо, “мизҳои гирд”, “Рӯзи дарҳои боз” мегузаронанд, мулоқот бо донишҷӯёни мактабҳои олӣ, литсейҳои касбӣ ва омӯзгорони мактабҳо баргузор мекунанд.

Боз як радиовикторина бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қаламрави кишвар идома доранд.

Чунончӣ, 13 октябри соли 2021 аз тариқи радиои “Ватан” дар низоми мустақим муколамаи кормандони Кумита бо шунавандагон баргузор шуд, ки он муддати ду соат идома...

Омӯзишҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Турсунзода

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бахшида ба «Рўзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ»  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и шаҳри Турсунзода  чорабинӣ дар мавзўи «Заминларзаи шаддид» баргузор кард.

Дар ин чорабинӣ  1080 нафар хонандагон, 67 нафар омўзгорон...

Рӯзи дарҳои боз барои мактабиён дар Маркази таълимии КҲФ (ВИДЕО)

12 октябри соли 2021 дар доираи нақшаи тасдиқшудаи Кумита оид ба гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ҳамасола 13 октябр таҷлил карда мешавад, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии КҲФ бо иштироки донишҷӯёни шаҳри Душанбе ва кӯдакони имконияташон маҳдуд чорабинии варзишӣ баргузор шуд.

Оғози мавсими сард. Истифодаи ангишт эҳтиёҷоти рӯзгор аст, оқибатҳои таъсири он чӣ?

Вобаста ба имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, мавҷудияти нақлиёт ва беҳтар гардидани ҳолати роҳҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ дастрасии аҳолӣ ба истифодаи ангишт имконпазир мебошад. Бо назардошти зиндагӣ доштани қисми зиёди аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот ва тӯлонӣ будани давраҳои сарди тирамоҳу зимистон, аҳолӣ барои эҳтиёҷоти худ,

Страницы