Ахбори рӯз

Наҷоти духтари 20-солае, ки даст ба худкушӣ зада буд

23 марти соли 2021 соати 20:54 бо вақти маҳаллӣ лейтенантҳои калони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Абдулвоҳид ва Тауров Меҳроб ҳангоми хидмати патрулӣ дар қаламраи кӯли “Ҷавонон” – шаҳри Душанбе аз навбатдори ШКВД-и ноияи Сино-2 пойтахт хабар гирифтанд, ки зане худро ба дарёи Душанбе ғарқ кардааст. Маҳалли ҳодиса ба маҳалли...

Роҳандозии корҳои таҳкими садди дарёи Ёхсу

Дар натиҷаи боронҳои шадид дар наздикии шаҳраки Хоҷа Шоми деҳаи Гултеппа, дар ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, болоравии сатҳи оби дарёи Ёҳсу ба қайд гирифта шуд, ки боиси ҳолати садамавӣ дар сарбанди ҳифозатии дарё шуд.

Бо мақсади пешгирӣ аз рахна шудани сарбанд, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...

Саҳфаҳои таърих. Садамаи киштиҳо дар моҳи марти солҳои гуногун

Киштиҳо, ки аз муҳимтарин василаи ҳамлу нақли одамон ва бору коло мебошанд, аз хатарҳо низ эмин нестанд. Ҳамасола ин гуна рӯйдодҳо ба қайд гирифта мешаванд. Аммо назар ба рӯзҳои мо дар гузашта садамаву ғарқи об шудани киштиҳо ба маротиб бештар будааст. Дар ин бахш мурури кутоҳе дорем садамаи киштиҳо дар таърихи башар дар моҳи март.

Аз саҳифаҳои таърих. Сарнагунии ду ҳавопаймо рӯзҳои 23-24 марти солҳои 1991-2015 дар Ӯзбекистон ва Фаронса

Дар ин ду сонеҳа ҷамъулҷамъ 184 нафар ҷон бохтанд. Ҳардуро аз ҷумлаи мудҳиштарин сарнагунии ҳавопаймо дар таърих медонанд. Яке дар кишвари ба мо ҳамсоя-Ӯзбекистон 30 пеш ва дуюмӣ дар Фаронса 6 сол пеш рух додааст. Иллати ин ду сарнагунӣ пурра таҳқиқ шудааст. 

Суқути ҳавопаймои Ан-24 дар Навоӣ. Ин ҳодиса рӯзи шанбе...

Таҷлили Наврӯз дар Раёсатҳои КҲФ

Дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ ба муносибаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намоиши ҳунарҳои дастии кормандон баргузор гардид.

Ғайр аз ин дар ҳар раёсат намудҳои гуногуни либоси миллӣ, аз ҷумла пироҳанҳои зардӯзӣ, тоқиҳои мухталиф, зарфҳои...

Страницы