Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои пуршиддат ва раъду барқ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии кишвар хабар медиҳад, ки аз аввали ҳафтаи ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст.

Чунончӣ, рӯзҳои 18-20 апрели соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамол бо шиддати  15-20 м/с хоҳад вазид, рӯзҳои 18-19 апрел дар қаламроави вилояти Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хокбориш дар назар аст.

Рӯзҳои 19-20 апрели соли равон ҳавошиносон боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жоларо дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии наздикӯҳии вилояти Хатлон ва як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ пешгӯӣ мекунанд. Боронҳои пуршиддат эҳтимолан дар баъзе аз минтақаҳо сабабгори омадани сел шаванд. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад. Дар чунин рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан ба кӯҳҳо, занбӯруғчинӣ, ҷамъоварии алафҳои дорувор, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Кумита тавсия медиҳад, ки ба хотири дурӣ ҷустан аз ҳодисаҳои нохӯш ба назди махзанҳои об нараванд, чорвочаронӣ низ дар рӯзҳои пурбориш маслиҳат дода намешавад.

Кумита ба сокинони деҳоти кишвар тавсия медиҳад, ки ҳамеша худро ба ҳар ҳолати фавқулодаи эҳтимолӣ, аз ҷумла омадани селу обзехӣ бар асари боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо омода кунанд. Телефонҳояи худро дар ҳоли омодагӣ нигоҳ доранд, доруқутии хонаро бо доруҳои ниёзи аввал, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва ғайра пур кунанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз селҳо Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад сари вақт селроҳаву ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу шағал тоза кунанд.

КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои дорои сиёҳшиша даъват мекунад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд намоянд. Ба ҳамаи коидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан меъёри суръат риоя кунед.

барчасп: