Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 19-20 апрели соли равон дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеъи ҷумҳурӣ, наздикӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боронҳои пуршиддат, раъду барқу жола пешбинӣ мешавад.
Дар рӯдхонаҳое, ки аз тариқи қаторкӯҳҳои Ҳисор мегузаранд, болоравии сатҳи об эҳтимол дорад.
20 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва навоҳии куҳистони вилояти Суғд бориши жола ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон омадаи сел эҳтимол дорад.
Боронҳои пуршиддат ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо метавонад сабаби лағзиши тарма, ярч ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ шавад. Ҳавои номусоит метавонад сабаби мушкилот дар чарогоҳҳо гардад.
Дар ҳамин иртибот Кумита бо эҳтиром аз аҳолӣ хоҳиш мекунад худро аз қабл ба ҳар ҳодисаи эҳтимолии вобаста ба боришоти шадид омода кунанд. Ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо ва сангу регу шағал пок созанд, то об ба маҷрои худ ҷорӣ шавад ва вориди ҳавлиҳову хонаҳо нашавад.
Кумита тавсия медиҳад, ки ба хотири дурӣ ҷустан аз ҳодисаҳои нохӯш ба назди махзанҳои об нараванд, чорвочаронӣ низ дар рӯзҳои пурбориш маслиҳат дода намешавад.
Бо мақсади пешгирӣ аз селҳо Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад сари вақт селроҳаву ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу шағал тоза кунанд.
КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои дорои сиёҳшиша даъват мекунад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд намоянд. Ба ҳамаи коидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан меъёри суръат риоя кунед.
Дар ҳоли рух додани ҳолати фавқулода шаҳрвандон метавонанд бетаъхиру фаврӣ бо рақами 112 ва ё ба Қисми навбатдорӣ ба шумораҳои 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоянд.