Ширкати наҷотдиҳандагони КҲФ дар ниммарафони байналмилалӣ

16 апрели соли 2022 бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе Ниммарафони XII байналмилалӣ баргузор гардид. Мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, дар асоси татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар қатори ҳазорон нафаре, ки дар ин ниммарафон ширкат карданд, зиёда аз 100 тан кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури и Тоҷикистон низ буданд.  

Кормандони Кумитаро лозим омад масофаи 10 километрро даванд. Мусобиқа нишон дод, ки наҷотдиҳандагони Кумита чун ҳамеша дар ҳоли омодагии хуби ҷисмонӣ буданд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодидошта аз қитъаҳои  Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки дар Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе-2022 имсол дар баробари намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 10 варзишгар аз 7 давлати хориҷӣ, аз қабили Қирғизистон-3, Ӯзбекистон-3, Кения-2, Эфиопия-3 ва дигар кишварҳо ширкат варзиданд.

Ниммарафон аз соли 2010 бахшида ба рӯзи пойтахт ҳар сол баргузор мешавад.

барчасп: