Ширкати муовини Раиси Кумита дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи Раёсати Хатлон

5 апрели соли ҷорӣ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали худро ҷамъбаст намуд. Дар кори ҷаласа муовини Раиси КҲФ, полковник С.Исозода ширкат намуд.

Дар ҷаласа шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва сардорони шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании дар шаҳру ноҳияҳо суханронӣ намуда, дар мавриди иҷрои қонуну қарорҳои амалкунанда дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва иҷрои нақша чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ дар се моҳаи аввали соли 2022 ҳисобот доданд.

Дар охири чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Исозода С. ба роҳбарияти Раёсат барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтару хубтар фаъолият намудан, дар семоҳаи дуюми соли  2022  дастуру  супоришҳо дод.

М.Муйдинов

барчасп: