Ҳар рӯз дар маҳалҳои осебпазир корҳои бехатарӣ роҳандозӣ мешавад

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва аҳолии вилоят дар қаламрави ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Кушониён як силсила корҳои соҳилбандӣ роҳандозӣ намуданд, ҷӯву селроҳаҳоро тоза карданд.

Ин ҳама тадбирҳои пешгирикунанда аз хатарҳои эҳтимолии омадани сел, ярч, обхезӣ муштаракан бо намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва ҷалби техникаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ва аҳолии маҳаллӣ а малӣ гардид.

Ҳадафи аслӣ омодагии ҳамешагӣ ба ҳар гуна ҳодисаҳои фавқулодаест, ки маъмулан аввалҳои баҳор, бар асари боронҳои пуршиддат ба вуҷуд меоянд. 

Ҳамзамон бо ин кормандони Раёсат бо истифода аз фурсат миёни  аҳолӣ як силсила корҳои таблиғотӣ дар мавриди роҳҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш гузарониданд.

барчасп: