Ахбори рӯз

Тамрини мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Муъминобод

Аз 22 то 24 сентябри соли 2022  дар ноҳияи Муъминобод санҷиши ҳолати омодагии зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва машқи мукаммал дар мавзъуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода»  гузаронида  шуд.

Наҷоти як пиразани танҳову ранҷӯр аз дохили як хонаи дарбаста дар шаҳри Турсунзода

Наҷоти пиразан

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода аз наҷоти як пиразани ба тахмини ҳамсоягон 70-сола хабар дод,ки дари хонааш баста шудаву мустақилона наметавонад онро боз кунад. Бино ба хабари шаҳрванд Парвиз Юсуфов ин пиразани танҳо дар хона бемор аст ва парасторонаш ҳам ҳамроҳаш нестанд.

Наҷоти духтари 25-сола, ки аз Бохтар омадаву мехост дар Душанбе худкушӣ кунад

28 сентябри соли 2022 года соати 02:39 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини хонаи 56 хиёбони Синои шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дод, ки духтари ҷавоне мехоҳад аз ошёнаи 16-уми ин бино худро ба зер андозад ва худкушӣ кунад.
Ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷот ва равоншиноси Дастаи

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоид ва пурғубор ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 27 то 29-уми сентябри соли равон дар як қатор ноҳияҳои ҷануби кишвар ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ шамоли пуршиддат пешбинӣ мешавад. Бод бо суръати 17-22 м/с мевазад ва эҳтимол чангхок дар ин қаламрав зиёд аст.

Наҷоти се кӯҳгарде, ки дар кӯҳҳои Варзобқалъа дучори фалокат шуда буданд

25 сентябри соли 2022 се гардишгар дар кӯҳи деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб ба фалокат дучор омадаву яке ҳангоми афтодан маъюб шудааст. Ин се тан дар ин макон ба ҳоли ногувор афтодаву дигар наметавонистанд бе кумаки дигарон худро наҷот диҳанд.

Дар бораи ин ҳодиса ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зане хабар дод,ки   тариқи телефон хабардор шудааст.

Страницы