Ахбори рӯз

Тағйири ҷаҳонии иқлим ба баландтарин қуллаи олам - Эверест низ таъсир кардааст

Сар аз соли 1960 иқлим дар навоҳии кӯҳҳои Эверест гармтар шуд, майдони пиряхҳо ба масоҳат кам шуд ва аз оби ин пиряхҳо дар ҳар ҷо-ҳар ҷои он кӯлҳо пайдо шуданд. Ҳоло донишмандон мегӯянд гармоиши умумиҷаҳонӣ ба ин қуллаи баландтарини рӯи Замин беасар намондааст.  Онҳо маълумоти дастрасшуда дар тӯли даврони омӯзишро ба ҳам меоранд, солҳоро қиёс мекунанд, тағйиротро таҳлил менамоянд. Кулли маълумоти ҷамъшуда аз соли 1960 то соли 2018-ро дар бар мегирад.

Саду ёздаҳ сол пеш. Зилзилаи шадид сабаби пайдоиши кӯли Сарез шуда буд. Гузашта ва имрӯзи он

18 феврали соли 1911 дар Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон заминларзаи сахте ба вучуд омад, ки қувваи он ба 9-10 балл баробар буд. Дар натиҷаи ин заминларза қисми ҷанубии кӯҳҳои Музкол канда шуда, лағжида ба зер фаромад ва пеши роҳи дарёи Мурғобро баст.

Ҳаҷми хоку санги лағжида ба 2,2 млрд. метри мукааб баробар буд ва дар натиҷаи...

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд сабаби ҳалокати 3 нафар шуд. Ронанда як хонуми 32-сола буд

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи паёмадҳои ҳодисаи нақлиёти дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ширкат карданд.

Ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд соати 12:50 дақиқа дар бораи садама дар километри ...

Ширкати сарбозони КҲФ дар фестивали ҷумҳуриявии “Таронаҳои сарбозӣ”

17 феврали соли 2022 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии “Таронаҳои сарбозӣ” баргузор гардид.

Дар ин фестивал сарбозон ва афсарони сохторҳои қудратии кишвар бо таронаҳо дар васфи Ватан ва муҳофизони он ширкат намуданд.

Машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони “Почтаи тоҷик” дар Хатлон

Дар  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзи гузашта, 16-уми феврал санҷиш ва расонидани кўмаки амали-методӣ, гузаронидани машғулияти намунавӣ бо кормандони Корхонаи воҳиди давлатии  «Почтаи тоҷик»  дар  вилояти  Хатлон  ба  роҳ  монда  шуд.

Бояд қайд намуд, ки бо 15 нафар кормандони  Корхонаи воҳиди...

Страницы