Ахбори рӯз

Маҳфили навбати “Ҳаёти солим. Кўдакон ва ҳолатҳои фавқулода

Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон  маҳфили “Ҳаёти солим” доир гардид, ки дар он мутахассисон дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ иттилоъ доданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нурзода Ҷалолуддин оғоз шуда, ба наврасон дар бораи ҳолатҳои фавқулодда маълумот доданд.

Дар Маркази таълимии КҲФ мураббиёнро дарси шиносоӣ бо ҷасади фавтидагони офатҳо меомӯзанд

Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишии мураббиёни оянда аз ҳисоби кормандони КҲФ оид ба кор бо ҷасади одамон дар ҳолатҳои фавқулодда баргузор мегардад. Ин омӯзишҳо бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд.

Тарма дар ВМКБ. Касе осеб надидааст, харобиҳо низ набуданд. Роҳҳо бозанд

Рӯзи 23.02.2022, соати 16:02 дақиқа, бар асари бориш барфи зиёд дар километрҳои 42, 43-и мавзеъи Ирғазор, километри 48-мавзеъи Сист, километри 51-мавзеъи Бижури ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим тарма фаромада, самти роҳи Хоруғ-Ишкошиммуваққатан баста шуд.

Барои тоза намудани роҳ аз тарма 1-адад техникаи муҳандисӣ, боркунаки фронталӣ аз тарафи МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида,  соати 20:42  дақиқа, роҳ пурра кушода гардид.

Баргузории машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ дар Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  машқҳои фармондеҳии ситодӣ дар мавзӯи «Ташкили иҷрои чорабиниҳо ҳангоми таҳдид ва рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, огоҳонидани мудофиаи гражданӣ дар шаҳрҳо ва районхои вилоят» баргузор шуд.

Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар воҳидҳои сохтории КҲФ

23 феврали соли 2022 дар тамоми воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои низомии КҲФ бахшида ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.

Дар ин чорабиниҳо роҳбарони раёсатҳои вилоятӣ, фармондеҳони қисмҳои низомӣ, ҳайати шахсӣ, собиқадорони КҲФ, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд.

Страницы