Соли гузашта дар Тоҷикистон 697 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода сабт шудааст (ВИДЕО)
Чоп шуд: 07/02/2023 | admin


Бар асоси дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кумак дар рафъи паёмадҳои заминларза дар Туркия 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркия фиристода хоҳанд шуд.

3 феврали соли 2023 ба сабаби боришоти шадид ва гармии рӯзҳои охир дар ҳудуди ВМКБ чанд ҳолати ла-зиши тарма ва резиши санг ба цайд гирифта шуд. Дар километрҳои аз 51 то 53-юм дар роҳи мошингари Рӯшон – водии Бартанг ва ҳам дар километри 474-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон тармаҳо фурӯ рехта, боиси масдуд шудани роҳҳо шудаанд. Поксозии роҳҳо ҳамоно идома дорад

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз роҳандозии корҳои омодагӣ ба боронҳои шадиди аввалбаҳорӣ хабар дод. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023»...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гарм шудани дамои ҳаво зарфи чанд рӯзи охир ва баъдан боридани барфу борон аз 31-уми январ то 2-уми феврали соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

